Чаро низомиёни рус ба куштор даст заданд?
Душанбе, 27.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Вазорати корҳои дохилаи кишвар бо гумони даст доштан дар ҷинояти куштор ду нафар низомии Пойгоҳи ҳарбии 201 Вазорати мудофиаи Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгир намуд.
Ёдовар мешавем, ки 19-уми августи соли 2014, тахминан соати 01.30 дақиқа дар лаби кӯли деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, дар дохили мошини тамғаи «Opel Astra», рақами давлатиаш ТҶ 07-19 АН 01 ҷасади шаҳрванд Тешабоев Раҳимҷон, соли таваллудаш 1978, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе бо аломатҳои марги маҷбурӣ, ҷароҳатҳо дар қисмати гардан бо истифода аз олоти халандаву бурранда дарёфт гардид.
Тибқи иттилои сомонаи расмии ВКД, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор шаҳрвандони Федератсияи Русия Сахапов Илдар Масхутович, собиқ сардори гурӯҳи қисми низомии 31691 Пойгоҳи ҳарбии 201 Вазорати мудофиаи Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Басимов Федор Рифанович, муовини қумандони взводи қисми низомии 31691 пойгоҳи мазкур дастгир шуданд.
Номбурдагон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбат ба онҳо корҳои тафтишотӣ идома доранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






