Чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба 600-солагии А. Ҷомӣ
Душанбе, 07.08.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо бахшида ба 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ зиёда аз 20 чорабиниҳои фарҳангӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар гузаронида шудааст. Тавре ки дар ин бора мудири бахши иттилоотии таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар дод, то имрўз дар ин мавзуъ дар вилоятҳои Хатлон,Суғд , ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи марказ аз ҷониби ҷавонон чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор гардид, ки намунае аз онҳо тариқи шабакаҳои телевизонӣ намоиш дода шудааст. Ба иттилои мавсуф, ҳадаф аз ин икдом, ҷавононро аз осори гузаштагони худ аз наздик шинос намудан, ва ба ин васила фарҳанги хешро тақвият додан аст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






