Чорабиниҳои Рўзи байналмилалии ҷавонон
Душанбе, 13.08.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Дирӯз бахшида ба Рўзи байналмилалии ҷавонон, ки ҳамасола 12 август дар саросари дунё таҷлил мегардад, дар пойтахти кишвар як қатор чорабиниҳои таблиғотию ташвиқотӣ баргузор гардид.Тавре ки дар ин бора мудири бахши таҳлилии иттилоотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Ҷалолиддин Нуров хабар дод, чорабиниҳои мазкур аз субҳи 12 август бо ташаббуси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Ассосиатсияи «Рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ» баргузор гардид.Дар чорабиниҳои мазкур масъулин ва намояндагони мақомотҳои дахлдор иштирок ва аз дастовардҳои ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар суханронӣ намуданд.Гуфта мешавад, ки ҳамзамон аз ҷониби ҷомеаи шарвандӣ вобаста ба фаъолияти ташкилотхои худ намоишгоҳ ташкил карда шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






