Чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ дар лагерҳои тобистона
Душанбе, 8.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар якҷоягӣ бо Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Варзоб дар лагерҳои истироҳатии «Обшорон» ва «Чайка» — и ноҳияи Варзоб миёни наврасон ва ҷавонон вохӯрӣ баргузор намуданд.Дар вохӯрӣ кормандони Агентӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ, тарзи ҳаёти солим, инчунин зарари нашъамандӣ ва оқибатҳои он сӯҳбат намуданд.Ҳамзамон, барои шавқовар гузаштани суҳбат саҳначаҳо ва бозиҳо оид ба нашъамандӣ ташкил карда, наврасонро ба варзиш даъват намуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






