Дар Анқара симои «зиндаи» Отатуркро офариданд
Душанбе, 28.08.2014. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Қариб 6000 нафар ихтиёриёни шаҳри Анқара тавре саф кашиданд, ки симои бузургтарини «зиндаи» асосгузори Туркия Мустафо Камол Отатурк офарида шуд.
Ин чорабинӣ 26 август, дар арафаи Рӯзи ғалаба дар ҷанги солҳои 1919 – 1922 – и Юнону Туркия, ки баъди он истиқлолият ба даст омад, роҳандозӣ шуд. Иштирокдорони чорабинӣ, ки либосҳои сиёҳ дар бар карда буданд, тайи ним соат дар нуқтаҳои зарурӣ истода, ангуштонашонро болои сар карда, акси дилро офарида буданд.
Дар ин маросим мушоҳидони Китоби рекордҳои Гиннес низ дар майдони мақбараи Аниткабир, воқеъ дар шаҳри Анқара ширкат доштанд.
Моҳи ноябри соли 2012 дар шаҳри Измир ва соли 2013 дар шаҳри Бурси Туркия низ чунин чорабиниҳо доир шуда буданд, ки дар онҳо ҳазорҳо нафар сокинони кишвар иштирок доштанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






