Дар Хуҷанд 153 оила соҳиби қитъаи замин шуд
Хуҷанд, 18.08.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода ). – Дар маҳаллаҳои нави 14 ва 15 – уми шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд 153 оила соҳиби қитъаҳои замин гардид.
Тавре ки аз маъмурияти шаҳри Хуҷанд хабар доданд, оилаҳои зикршуда мувофиқи навбат барои беҳдошти шароити манзилиашон 6 сотихӣ замин гирифтанд.
Дар маросими тақсими қитъаҳои замин раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат доштанд.
Масоҳати умумии ду маҳаллаи нав 96,58 гектарро ташкил дода, аз ҷумлаи он 600 метри мураббаъ барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, 11 гектар барои ободонии кӯчаю роҳҳо ва 19,5 гектар барои бунёди боғу хиёбонҳо тахсис ёфтааст.
Имрӯз 22 нафар корманди соҳаи тиб ба ифтихори иди касбӣ барои дарёфти қитъаҳои замин сертификат гирифт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






