Дарёфти Ҷоми вазири мудофиа дар гарнизони Хоруғ
Душанбе, 18.08.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар доираи нақшаи чорабиниҳои пешбинишудаи Клуби марказии варзишии артиши Вазорати мудофиа дар нимаи аввали моҳи августи соли равон байни сарбозони қисмҳои низомии гарнизони Хоруғ барои дарёфти Ҷоми вазири мудофиа мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ гузаронида шуданд.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мудофиа, мусобиқаи варзишӣ панҷ рӯз доир гашта, дастаҳои варзишии қисмҳои ҳарбӣ аз рӯйи намуди ҷанги тан ба тан, гӯштини дзюдо, давидан ба масофаи 100 метр ва футболи хурд байни ҳам сабқат намуданд.
Қобили зикр аст, ки ташкили пайвастаи чунин мусобиқаҳо пеш аз хама дӯстиву рафоқатро дар байни сарбозони ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи кишвар боз ҳам устувор гардонида, шавқу ҳаваси онҳоро ба намудҳои гуногуни варзиш зиёд мегардонад.
Мақсад аз баргузории чунин мусобиқаҳои варзишӣ, ин пеш аз ҳама, тақвият бахшидани соҳаи варзиш, баланд бардоштани маҳорату малакаи варзишии афсарону сарбозон ва рушди он дар байни дастаҳои варзишии ҷузъу томҳои Артиши миллии кишвар мебошад. Дар фарҷом ғолибони мусобиқа бо Ҷоми вазири мудофиа, медалу ифтихорномаҳо ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






