Дастгир шудани Ҳумайнӣ-узви равияи салафия
Душанбе, 18.08.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ сокини 25-солаи пойтахт Ҳумайнӣ Ғозиев, ҳамчун гумонбар барои даъвати оммавӣ ҷиҳати бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ дастгир гардид. Тибқи иттилои ВКД ҶТ, ӯ дар давоми соли 2009 аз шаҳрванд Баҳром Олимов таълимоти динии равияи салафияро омӯхта, аз ҳамон вақт то моҳи августи соли 2014 ҳамчун узви равияи динии салафия фаъолият кардааст.
Дар ҳудуди шаҳри Душанбе, дар масҷиди ҷомеи марказии пойтахт ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб ва дар маъракаву маросимҳои мардум ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ машғул шуда, шаҳрвандон, Наҷмиддин Ашӯров, соли таваллудаш 1989, Аҳмад Зоиров, соли таваллудаш 1986, Фирӯз Сатторов, соли таваллудаш 1990, Намозиддин Шамсиддинов, соли таваллудаш 1974, истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе ва дигаронро ба ин равия ҷалб намудааст.
Нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш давом дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






