Дастовардҳои истиқлол дар соҳаи тандурустӣ
Душанбе, 28.08.2014. (АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад).-Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки дар асри 20-ум ба даст омад. Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлат, комилҳуқуқй, соҳибихтиёрй ва бузургии миллат аст, ки сиёсати дохилию хориҷй, иқтисодй, вазъияти иҷтимоиву фарҳангии миллатро ривоҷу равнақ медиҳад.
Бузургтарин дастоварди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ, ки соли 1994 сурат гирифт, қабули Сарқонуни ҶТ мебошад. Хулоса, тавассути истиқлол Тоҷикистон тоҷикони ҷаҳонро бо ҳам овард ва самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоху сулҳпарвар шинохта шудааст.
Имрӯз миллати тоҷик ҳамаҷониба барои ободкорй ва ҳамзистии осоишта мекўшад.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурии Тоҷикистон ба як силсила дастовардҳои беназир ноил гардид.
Аз Истиқлол то Истиқлол дар муассисаҳои тиббии мамлакат амалӣ намудани усулҳои муосири ташхису табобат идома ёфта, дар маҷмўъ 1095 амалиёти ҷарроҳӣ дар дилу рагҳо, 1805 амалиёти ангеография, 239 амалиёти стендгузорӣ ва 138 амалиёти васли шоҳрагу иклил гузаронида шуда, имрўз дар кишвар ба зиёда аз 70 нафар бемор амалиёти пайвандсозии гурда гузаронида шуд.
Бо дастгирии ҳукумати кишвар дар даврони истиқлолият аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастгоҳи даруннигарии ҷарроҳии асаб харид гардид, моҳи декабри соли 2013 аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ тавассути ин дастгоҳ дар сутунмуҳра амалиёт гузаронида шуд.
Бо мақсади рушди захираҳои кадрии соҳаи тандурустӣ ҳамчун самти афзалиятнок корҳои зиёде анҷом дода шуданд. Дар айни ҳол дар муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 248 табиб ва 38 635 ҳамшираи тиббӣ кор мекунад, ки ин нисабат ба солҳои пешин мутаносибан 14,4 ва 21,2 фоиз зиёд мебошад.
Тибқи феҳристи амалкунандаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди муассисаҳои хусусӣ дар ҷумҳурӣ дар айни замон ба 536 адад расидааст, ки аз ин шумора 233-тои онро шахсони ҳуқуқӣ ва 303-тои онро шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд.
Дастовардҳо дар даврони истиқлолият хеле зиёданд, аз ҷумла имрўз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3698 шабакаи тандурустӣ, беморхонаҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои тиббӣ фаъолият доранд.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, дар самти таъмин ва воридсозии техникаи муосири ташхисию табобатӣ муваффақиятҳо назаррасанд. Дар айни ҳол дар кишвар бо назардошти рушди тибби хусусӣ 6 адад ангиограф, 3 маммограф, 7 адад дастгоҳи эндовидеоҷароҳӣ, 2 эхокардиограф, 2 дастгоҳи поксозии хун дар ҷумҳурӣ фаъолият дорад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






