Дастовардҳои назарраси мактабиёни ноҳияи Б. Ғафуров
Душанбе, 28.08.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Соли ҷорӣ 75 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар озмунҳои вилоятӣ ширкат намуда, 52 нафар хонанда ба гирифтани ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм сарфароз гардид, ки дар натиҷа мақоми аввал насиби хонандагони ин ноҳия шуд. Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, толибилмони ноҳия дар озмуни фаннии ҷумҳуриявӣ низ ширкат варзида, 20 нафар сазовори ҷойҳои аввал, дуюм ва сеюм гардид.
Инчунин 75 нафар аз ноҳияи мазкур дар озмуни фаннии Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардид.
Мутобиқи натиҷаи озмуни фаннии Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи нишондоди даставӣ хонандагони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ мақоми аввалро касб намуданд.
Мавриди зикр аст, ки аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамчунин 6 нафар дар озмуни байналмилалӣ ширкат намуда, ба гирифтани медали нуқра сазовор гардид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






