Даъвати Қ.Қосим аз доираҳои соҳибкорӣ
Душанбе, 28.08.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Қодири Қосим-раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ зимни як нишаст дар Душанбе доираҳои соҳибкории кишварро ба ҳамкории судманд даъват намуд.
Мавсуф дар мулоқоташ бо роҳбарони ассотсиатсияҳои соҳибкории Тоҷикистон масоили марбут ба тақвияти ҳамкориҳои мутақобилаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ассотсиатсияҳои соҳибкории кишвар, инчунин омодагӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани мулоқоти Президенти кишвар бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷиро матраҳ намуд.
Дар мулоқот намояндагони 30 ассотсиатсия ва ташкилотҳое, ки дар самти дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ фаъолият доранд, пешниҳодҳои худро роҷеъ ба рушди соҳибкорӣ ва аз байн бурдани монеаҳои маъмурӣ иброз доштанд. Дар фарҷом К. Қосим роҳбарони ассотсиатсияҳоро ба ҳамкории самарабахш ҳидоят намуда, гуфт, ки ҷиҳати рушди бахши соҳибкорӣ пешниҳоду таклифҳои худро ба таври хаттӣ унвонии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ироа созанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






