Давраҳои омӯзишӣ барои чорводорон
Шаҳринав, 21.08.2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).- Дар маркази таълимии ассотсиатсияи байторони ноҳияи Шаҳринав силсилаи давраҳои омӯзишӣ барои чорводорон оғоз ёфтанд.
Тибқи нақша дар ҳамин дарсҳои омӯзишӣ зиёда аз 100 нафар чорводор аз устодони соҳибтаҷрибаи Донишгоҳи аграрӣ, Пажӯҳишгоҳи чорводорӣ ва дигар мутахассисони варзидаи дохилию хориҷӣ сабақ хоҳанд гирифт.
«Ҳадафи мо баланд бардоштани савияи дониши чорводорон, боз ҳам хубтар кардани фаъолияти мутахассисони соҳаи байторӣ, сари вақт гузаронидани сӯзандору ва пешгирии бемориҳои гуногуни чорво ва бо ин васила дар сиҳатии аҳли ҷомеа саҳм гузоштан аст»,-иброз дошт раиси ассотсиатсияи бойторони ноҳияи Шаҳринав-Аслиддин Ҳамдамов.
Мавриди зикр аст, ки ассотсиатсияи бойторони ноҳияи Шаҳринав дар ҷумҳурӣ ягона ассотсиатсияи бойторӣ аст, ки барои рушди соҳаи чорводорӣ саҳми муносиб дорад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






