Дидори дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи миллии Фаластин

Август 22, 2014 09:41

Душанбе, 22.08.2014 (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).-Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ бо дастаҳои Уммон, Фаластин ва Сингапур рақобат мекунад.
Бино ба иттилои ФФТ дар мусобиқаи футбол аз рӯи барномаи Бозиҳои XVII осиёӣ, ки аз 14-уми сентябр то 4-уми октябр дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешавад, 29 дастаи мунтахаб ширкат меварзад. Тибқи тартиби Бозиҳои осиёӣ дар мусобиқот футболбозони то 23-сола (соли таваллудашон 1991 ва аз он хурд) иштирок мекунанд. Инчунин ҳар як даста имкон дорад, ки се футболбози аз 23-сола болоро ба ҳайат ворид намояд. 
Мувофиқи натиҷаи қуръакашӣ, ки дирӯз, 21-уми август доир шуд, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо тимҳои Уммон, Фаластин ва  Сингапур бозӣ мекунад.  Бар асоси қуръакашӣ дастаҳо ба 8 гурӯҳ тақсим шуданд. Панҷ гурӯҳ аз чаҳор дастаӣ ва се гурӯҳ аз се дастаӣ иборат аст. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба 1/8 финал мебарояд. 
 

Август 22, 2014 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст