Дидори дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи миллии Фаластин
Душанбе, 22.08.2014 (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).-Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ бо дастаҳои Уммон, Фаластин ва Сингапур рақобат мекунад.
Бино ба иттилои ФФТ дар мусобиқаи футбол аз рӯи барномаи Бозиҳои XVII осиёӣ, ки аз 14-уми сентябр то 4-уми октябр дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешавад, 29 дастаи мунтахаб ширкат меварзад. Тибқи тартиби Бозиҳои осиёӣ дар мусобиқот футболбозони то 23-сола (соли таваллудашон 1991 ва аз он хурд) иштирок мекунанд. Инчунин ҳар як даста имкон дорад, ки се футболбози аз 23-сола болоро ба ҳайат ворид намояд.
Мувофиқи натиҷаи қуръакашӣ, ки дирӯз, 21-уми август доир шуд, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо тимҳои Уммон, Фаластин ва Сингапур бозӣ мекунад. Бар асоси қуръакашӣ дастаҳо ба 8 гурӯҳ тақсим шуданд. Панҷ гурӯҳ аз чаҳор дастаӣ ва се гурӯҳ аз се дастаӣ иборат аст. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба 1/8 финал мебарояд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






