“Динамо”- барандаи Ҷоми Тоҷикистон- 2014
Душанбе, 25.08.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Дастаи «Динамо»-и Душанбе барандаи Ҷоми Тоҷикистон- 2014 оид ба футзал гардид.
Мусобиқа барои ҶомиТоҷикистон оид ба футзал дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки ҳашт даста, дар марҳилаи ниҳоӣ, дастаҳои шаҳри Душанбе — DISI, «Бонки миллӣ», «Газпром» ва «Динамо», инчунин тимҳои вилояти Суғд — «Эсхата», «Сипар», «Имон Интернешнл»ва «Ал-Маъруф» ҷараён дошт.
Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар доданд, дастаҳои «Динамо» ва «Бонки миллӣ», ки бозиҳои марҳилаи ниҳоиро бомуваффақият анҷом доданд, ба финал баромаданд.
Дар бозии ниҳоӣ «Динамо», ки бар «Бонки миллӣ» пирӯз шуд, Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Замони асосии ин бозӣ бо ҳисоби мусовии 3-3 хотима ёфт. Аз рӯи силсилаи пеналтӣ «Динамо» бо ҳисоби 4-2 ғолиб омад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






