Э. Назаровро дар «Роҳат» дастгир карданд

Август 21, 2014 15:32

Душанбе, 21.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-  Эгам Назаров -муовини раиси ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ барои гирифтани пора аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дастгир гардид.
Тибқи иттилои маркази матбуоти агентии мазкур Э. Назаров ҳамчун раиси комиссияи ҷамиятӣ оид ба тақсимоти замин дар ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ин ноҳия аз шаҳрванд Гулова барои дар руйхати эхтиёҷмандони имтиёздор барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ворид намудани ному насабаш ба маблағи 500 доллари ИМА талаб карда, пас аз гирифтани маблағи 300 доллари ИМА аз шаҳванд Гулова дар дохили чойхонаи миллии “Роҳат” дастгир   шуд.
Нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.
 

Август 21, 2014 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд