Эълони натиҷаҳои озмуни тақсимот дар ММТ
Душанбе, 14.08.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- 15-уми августи соли ҷорӣ дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои озмуни тақсимот ба ихтисосҳои интихобкарда эълон мегарданд. Довталабоне, ки тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимот ба ин ё он ихтисоси интихобкардаашон тақсим карда мешаванд, бояд на дертар аз 25 август ба Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (МТОК)-и дахлдор ҳозир шуда, ба комисияи қабули он муроҷиат намоянд. Тибқи иттилои Ситорабону Назарова, сухангӯи марказ дар сурати бо сабабҳои узрнок дар муҳлати муқарраргардида имконпазир набудани ҳозиршавии довталаб ба МТОК, довталабро зарур аст, ки сари вақт- то 25 август МТОК-ро дар ин хусус тавассути намояндаи худ хабардор карда, ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намояд.Ёдрас менамоем, ки 15 август рӯйхати довталабоне, ки тибқи натиҷаҳои озмун ба ихтисосҳо тақсим шудаанд, ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пешниҳод мегардад. Ҳамзамон бояд таъкид намуд, ки тибқи тартиби муқарраргардида дар сурати сари вақт, яъне то 25-уми август ба муассисаи таҳсилоти олии касбии дахлдор ҳозир нашудани довталаб ва пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ довталаб аз ҳуқуқи қабул шудан ба ихтисоси тақсимшуда маҳрум мегардад ва ҷойҳои аз ин ҳисоб холимонда барои тақсимоти такрорӣ эълон мешаванд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






