Фаъол гардондани варзишгоҳи олимпӣ дар Қайроққум
Душанбе, 20.08.2014 (АМИТ «Ховар»).- Дар Маркази солимгардонии наврасон ва ҷавонони Шоҳини шаҳри Қайроққум Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як толори бузурги варзишӣ, варзишгоҳи олимпӣ ва чанд биною иншооти нави дигарро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Хотиррасон бояд намуд, ки Маркази солимгардонии наврасон ва ҷавонони Шоҳин пас аз навсозии куллӣ 19 июни соли 2013, бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дубора мавриди истифода қарор гирифта буд.
Чунонки иттилоъ доданд, масоҳати умумии марказ 19,5 га буда, он дорои 1 бинои зимистона барои 226 нафар, 9 бинои тобистона барои 456 нафар, 1 бинои таълимӣ, майдончаи гулханафрӯзӣ бо 280 ҷойи нишаст, амфитеатр бо 320 ҷойи нишаст, майдончаи бозиҳои кӯдакона, майдони сунъӣ барои футболи хурд, майдончаҳои волейбол, баскетбол, тенниси калон ва 3 ҳавзи шиноварӣ мебошад.
Дар доираи чорабиниҳои вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо варзишгарони ҷумҳурӣ моҳи декабри соли 2010 баён гардида буд, дар ҳудуди Маркази солимгардонии наврасон ва ҷавонони Шоҳини шаҳри Қайроққум ин толори бузурги варзишӣ, варзишгоҳи стандарти ҷаҳонӣ, ҳаммом (сауна) ва майдони бозии голф сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Масоҳати умумии толори бузурги варзишӣ 1800 м2, баландиаш 18 метр буда, барои гузарондани машқҳои таълимӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои баскетбол, волейбол, футболи толорӣ, кӯҳнавардӣ ва тенниси рӯи миз мутобиқ карда шудааст.
Дар дохили толори калон 500 ҷойи нишаст барои тамошобинон, 2 ҳуҷраи обпошӣ барои 7 ҷой, анборхона ва ҳуҷраи хазинадор мавҷуд аст.
Дар ошёнаи дуюми бино толори хурди варзишӣ мавҷуд аст, ки дорои 37 таҷҳизоти обутоби бадан мебошад. Ин толор метавонад шавқмандони зиёди ин навъи варзишро ба ин ҷо ҷалб намояд.
Варзишгоҳи нави маркази мазкур дорои майдони стандартии футбол, роҳрав барои давидан бо дарозии 400 метр, ҷойи нишасти болопӯшида барои 720 нафар, 2 ҳуҷраи либосивазкунӣ, ҳуҷраҳои обпошӣ барои 2 даста, ҳуҷраи доварон ва анборхона мебошад.
Тавре Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ин варзишгоҳ туҳфаи арзишманде аст ба ҷавонону наврасони варзишгар дар соли Футболи Оммавӣ. Хотиррасон бояд намуд, ки соли 2014 Соли Футболи Оммавӣ дар Тоҷикистон эълон гардидааст.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як навраси футболбоз, ки қисмате аз онҳо духтарчаҳои хурдсол буд, тӯбҳои футбол тақдим намуда, ҳамроҳашон акси хотиравӣ гирифт ва изҳори боварӣ намуд, ки дар воқеъ ин навъи варзиш дар Тоҷикистон оянда метавонад рушди назаррас дошта бошад, зеро барои ин кор дар ҳамаи гӯшаю канори ҷумҳурӣ шароити зарурӣ муҳайё мегардад ва ҷавонону наврасони мо ба он шавқу рағбати беандоза доранд.
Дар маркази солимгардонии наврасон ва ҷавонони Шоҳин ҳамчунин ҳаммом барои 25 ҷой бо ҳавзи зебои шиноварӣ бунёд гардида, дар он ҳуҷраҳои обпошӣ, ҳаммомҳои русӣ, туркӣ, финӣ, ҳавзи шиноварӣ, ҳуҷраи масҳ, ошхона ва ҳуҷра барои истироҳат вуҷуд дорад.
Дар оянда имкон дорад, ки маркази солимгардонии наврасон ва ҷавонони Шоҳин ҳамчун муассисаи варзишии омодагии олимпӣ истифода шавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






