Фармондеҳии ИМА ба АНМН таҷҳизот супорид
Душанбе, 29.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дирӯз ба Агентии назорати маводи нашъаовари кишвар аз ҷониби Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба маблағи 576 ҳазор доллари ИМА таҷҳизот оварда шуд.
Таҷҳизоти мазкур дар доираи кумаки «Барнома оид ба мубориза бар зидди маводи нашъаовари Сафорати ИМА дар Тоҷикистон» супорида шуд ва он аз воситаҳои алоқа, тоскулоҳ, камзӯли тирногузар, дастгоҳи мушоҳидаи шабонаю рӯзона ва дурбин иборат мебошад.
Дар маросими имзои санади қабул муовини директори агентӣ Ҳ. Маҳмудзода ва роҳбари «Барномаи мубориза бар зидди маводи нашъаовари Сафорати ИМА дар Тоҷикистон» Брент Пешта иштирок намуданд.
Ҳ. Маҳмудзода ба Сафорати ИМА дар Тоҷикистон арзи сипос кард ва онҳоро бовар кунонид, ки ҳамаи таҷҳизоти супорида шуда дар фаъолияти ҳамарӯзаи агентӣ самаранок истифода мешавад.
Брент Пешта иброз намуд, ки Сафорати ИМА дар Тоҷикистон кӯшиш дорад ҳамкории худро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо Тоҷикистон васеътар намояд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






