Фестивал — бозиҳои варзишӣ дар Хоруғ
Хоруғ, 19.08.2014.(АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Дар арафаи 23-юмин солгарди Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-ум то 25-уми августи соли 2014 дар шаҳри Хоруғ фестивали бозиҳои варзишӣ бо иштироки тимҳои мунтахаби ВМКБ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, нохияхои тобеи марказ баргузор мегардад.
Ҳамасола аз тарафи раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят дар маркази вилоят бозиҳои варзишӣ доир мегарданд.
Имсол ин бозиҳо аз 7 намуд бо шумули баскетбол, волейбол, футболи хурд, тенниси рӯи миз, варзиши сабук, гӯштини тарзи озод ва дзюдо иборат буда, сабқати дзюдо дар ноҳияи Рӯшон ва дигар намудҳо дар шаҳри Хоруғ баргузор мегарданд.
Футболбозони тимҳои Хоруғ-1 ва ноҳияи Қумсангир дар майдончаи варзишии мактаби рақами 2-и шаҳри Хоруғ бо ҳам рақобат намуданд. Тими ноҳияи Роштқалъа ва варзишгарони собиқадор аз шаҳри Хоруғ низ дар ҳамин майдонча бо ҳам вохӯрӣ анҷом доданд.
Тими Хоруғ-1 бо бартарии 6 бар 5 ҳамтоёни худро аз ноҳияи Қумсангир шикаст дод. Тими собиқадорони шаҳри Хоруғ дар ин сабқат маҳорату малакаи хуб нишон дода, рақибонашонро аз ноҳияи Роштқалъа бо ҳисоби 6 бар 3 шикаст дода, мақоми худро дар ҷадвали мусобиқа мустаҳкам намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






