Фирӯз Ёқубов — охирин умеди Тоҷикистон дар Олимпиадаи наврасон
Душанбе, 27.08.2014 (АМИТ «Ховар»).- Варзишгари ҳаштум ва охирини Тоҷикистон — Фирӯз Ёқубов дар Олимпиадаи Нанҷинг имрӯз, 27-уми август дар риштаи гӯштини озод дар вазни то 100 кг вориди рақобат мешавад.Баъди натиҷагирии 10 рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои II тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷинг дар ҳисоби умумидаставӣ мунтахаби Чин дар мақоми аввал аст. Боз ду варзишгари тоҷик дар Бозиҳои II тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷинги Чин дар риштаи гӯштини юнониву румӣ бе медал монданд.Рӯзи 25-уми август нахуст Равзатуллоҳ Исоев дар рақобатҳо дар вазни то 42 кг дар аввалин қувваозмоияш аз рақиби худ Сюн Ри аз Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 0-4 шикаст хӯрд. Баъдан вай бар гӯштингири Мексика Алфонзо Эмилио Перез бо ҳисоби 4-0 пирӯз шуд. Вале Равзатуллоҳ қувваозмоиро барои медали биринҷӣ ба варзишгари Украина Алексей Масик бо ҳисоби 1-3 бохт. Варзишгари дигари тоҷик Тоҳирҷон Охонов дар рақобатҳо дар вазни то 85 кг дар қувваозмоии аввалинаш бар Чей-Хёнг МсМур Виау аз Самоаи Амрико бо ҳисоби 4-0 ғалаба кард, вале дар даври баъдӣ аз намояндаи Русия Марк Бемалиён бо ҳисоби 1-4 мағлуб гашт. Сипас Тоҳирҷон дар даври навбатии марҳилаи интихобӣ бар варзишгари Канада Романдин Хеҳира бо ҳисоби 4-0 ғолиб омад ва барои медали биринҷӣ бо Аҳмад Аҳмад аз Миср мубориза бурд. Қувваозмоии ҳалкунанда бо пирӯзии паҳлавони ҷавони мисрӣ бо ҳисоби 4-0 хотима ёфт. Ҳамин тариқ, то ҳоло ҳафт варзишгари тоҷик аз медалҳои Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон бенасиб мондаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






