Форуми байнипарлумонӣ Тоҷикистону Русияро қаринтар мегардонад
Душанбе, 13.08.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Интизор меравад, ки охири моҳи октябри соли равон дар шаҳри Маскав Форуми байнипарлумонии «Тоҷикистону Русия: ҳамкориҳои байниминтақавӣ» баргузор гардад. Ҳадафи ин чорабинии муҳим густариши робитаҳои байнипарлумонӣ, таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистоун Русия мебошад. Бояд тазаккур дод, ки Русия барои Тоҷикистон натанҳо шарики стратегӣ балки иқтисодию тиҷоратӣ маҳсуб ёфта, нақши ин кишвар дар пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистон муҳим арзёбӣ мегардад. Тибқи омори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра 34 %-и ҳаҷми содироти Тоҷикистон ба Русия рост омада, воридоти маҳсулот аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 61%-ро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






