Хатнасури 23 нафар кӯдак дар Хуҷанд
Душанбе, 21.08.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).-Тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ниёзмандон ва бахшида ба 23-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20-солагии қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии таъсиси ҲХДТ дар «Маркази фарҳанг»-и шаҳри Хуҷанд хатнасури 23 нафар кӯдак аз оилаҳои ниёзманд баргузор гардид.
Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, ин кори хайр аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд роҳандозӣ гардидааст.
Гуфта мешавад, ки дар чорабинӣ илова бар масъулини мақомоти дахлдор ҳамчунин пайвандони кӯдакон иштирок намуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






