Хизматрасонии бонкӣ дар Шӯрообод
Шӯрообод, 12.08.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Бино ба иттилои Директори ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» — и ноҳияи Шӯрообод Қиматшо Содиқов филиали мазкур дар ду ҷамоати дурдаст Саричашма ва Даштиҷум маркази хизматрасонии бонкиро роҳандозӣ карда, аҳолии ду ҷамоат метавонанд маблағҳои худро сари вақт дастрас намоянд. Ба гуфти манбаи марбута дар шаш моҳи соли равон аз ҳисоби интиқоли маблағ , маблағи 122201 сомонӣ ба мардум хизмат расонида шудааст, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маротиб зиёд мебошад. Инчунин дар ин давра ҷалб кардани амонатҳо аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ , ки вазифаи асосии ҳар як корманди бонк ба шумор меравад дар системаи бонкӣ нақши муҳимро мебозад. Амонатҳои муҳлатноки шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар маҷмӯъ маблағи 1м 483 ҳ 346 сомониро дар бар мегирад. Мавриди зикр аст, ки филилали ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ бо мақсади рушди соҳаи соҳибкорӣ , чорводорӣ , занбури асалпарварӣ ,кишоварзӣ ва дигар раванди зарурияти иҷтимоӣ бо маблағи 2020878 сомонӣ маблағи қарзӣ ҷудо намуда равона сохт, ки ин раванд барои пешрафти вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳия хело мусоидат кард.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






