Хоруғ: Муноқиша бо марг анҷомид
Душанбе, 05.08.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Тавре ки ВКД ҶТ хабар медиҳад, ҳафтаи сипаригашта шаҳрванди 24-солаи шаҳри Хоруғ Рахул Рустамбеков дар кӯчаи Аёмбекови ҳамин шаҳр аз ҳиссиёти авбошӣ бо шаҳрвандон Фирдавс Амиршоев ва Гуласар Азимшоев сокинони 25-солаи маҳаллӣ ҷангу ҷанҷол намудааст. Р. Рустамбеков бо ин қонеъ нашуда, бо корд 1-маротиба ба тарафи чапи гардани Фирдавс Амиршоев ва 1-маротибаи дигар ба қабурғаҳои Гуласар Азимшоев задааст. Дар натиҷа Ф. Амиршоев ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан ба ҳалокат расида, Р. Азимшоев зарари ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Рахул Рустамбеков аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир шуд. Нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






