Хуҷанд: бинои нав барои кормандони андоз

Август 21, 2014 09:34

    Хуҷанд, 21.08.2014. (АМИТ “Ховар” , Абдуаҳад  Дадобоев).-Имрӯз  зимни боздид аз вилояти Суғд  Президенти кишвар Эмомали Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар расми кушодашавии бинои нави Маркази такмили ихтисоси кормандони Раёсати андози Суғд   иштирок хоҳад кард. 
    Бояд гуфт, ки бинои нави Маркази такмили ихтисоси кормандони Раёсати андози вилоят аз се ошёна ва  таҳхона иборат буда, дар ошёнаи якуми бинои мазкур Нозироти андозсупорандагони миёнаи андоз дар вилояти Суғд ҷойгир карда мешавад.  Дар ошёнаи дуюм ва сеюм утоқҳои корӣ барои такмили ихтисоси кормандони мақомоти андоз ва андозсупорандагон ҷойгир шуда, дар утоқҳои корӣ барои 60 шунаванда ҷой омода шудааст.  Ҳамчунин дар таҳхонаи бино ошхона барои 60 ҷои нишаст ҷойгир шудааст. 
   Тарҳи берунаи бино бо масолеҳи ҳозиразамон «Silk coat stone» пӯшонида, бо он ороиш дода шудааст. Дар ҷараёни корҳои сохтмонию  васлкунӣ дар иншооти мазкур технология ва масолеҳи сохтмонии ҳозиразамон истифода шудааст.
   Масоҳати умумии бино 1144 м2 буда, харҷи умумии лоиҳавии он 3 млн. 207 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла, корҳои сохтмонию васлкунӣ 3 млн. 75 ҳазор сомонӣ ва корҳои лоиҳакашӣ 107 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд. 
     Маблағгузори иншооти мазкур Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад.
     Ташкили Маркази такмили ихтисоси Раёсати андоз дар вилояти Суғд имкон медиҳад, ки  ҳар сол  бо истифода аз технологияҳои муосир ва устодони ботаҷриба ҳам кормандони мақомоти андоз ва ҳам андозсупорандагон савияи дониши худро тақвият диҳанд. 
    Мувофиқи пешниҳодҳо дар давоми 1 сол ба ҳисоби миёна то 300 нафар метавонад савияи дониши худро баланд бардорад. Барои  гузаронидани  машғулиятҳо устодони донишгоҳҳои иқтисодии вилоят, кормандони ботаҷрибаи соҳа ва дигар мақомот, ки ба масъалаҳои андоз марбутанд, аз қабили Кумитаи замин, Раёсати гумрук, Раёсатҳои молия ва иқтисод даъват мешаванд. 
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.
 

Август 21, 2014 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд