Хуҷанд: омодагӣ ба зимистонгузаронӣ
Хуҷанд, 26.08.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).- Дирӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовинони раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, қудратӣ, ходимони дин, идораҳои дахлдори хоҷагию манзилӣ, саноат ва дигар фаъолони шаҳри Хуҷанд ҷаласаи корӣ баргузор гардид.Дар он раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода доир ба пешгирии омилҳои номатлуб, аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳаракатҳои ифротгароӣ, паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ, баргардондани донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар таҳсил менамоянд, сухан карда, ба масъулин баҳри бартараф намудани камбудихои ҷойдошта супоришҳо дод. Дар ҷаласа ҳамчунин омодагии шаҳри Хуҷанд ба мавсими зимистон ва мактабҳои шаҳр ба соли нави хониш, таъмини мактабиён бо либоси ягонаи мактабӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла ба иттилои муовини аввали раиси шаҳр Иброҳим Иброҳимов то имрӯз ду маротиба бо иштирок ва роҳбарии бевоситаи раиси шаҳри Хуҷанд ситоди зимистонгузаронии 2014-2015 барпо гардида, дар маркази вилоят 18 нуқтаи фурӯши ангишт, 20 нуқтаи фурӯши гази моеъ омода шудааст.Ҳамчунин ба шуъбаи маориф барои харидории 260 тонна ангишт маблағ ҷудо гардида, то ҳол 198 тоннаи он харид шудааст. Дар баробари ин дар муассисаҳои томактабӣ ва таълимии шаҳри Хуҷанд 46 генератори барқтаъминкунӣ мавҷуд буда, 7 мактаб бо буғхонаҳои алоҳида таъмин гардид. То оғози мавсими зимистон боз 8 мактаби шаҳр соҳиби буғхонаҳои алоҳида хоҳад шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






