Иқдоми «Тозагии соҳил-2014» дар пойтахт
Душанбе, 8.08.2014. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров).- Чанде пеш дар доираи иқдоми «Тозагии соҳил-2014» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, МД «Кӯли Ҷавонон» ва як қисми масоҳати чойхонаи «Тахти Наврӯз»-и пойтахт барои тоза намудани партовҳои маишию сохтмонӣ маъракаи ҳашар гузаронида шуд. Дар робита ба ин Сайдамин Маҳмадаминов-сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об ба АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки мақсади ин иқдом аз як тараф пешгирии ифлосшавии манбаҳои обӣ бошад, аз тарафи дигар ба баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон-сокинони пойтахт мусоидат менамояд.Дар ин иқдом 150 нафар корманди Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Муассисаи давлатии «Раёсати истифодабарии роҳҳо» ва МД «Кӯли Ҷавонон» иштирок намуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






