Иқтидори корхонаи «Шири кӯҳистон» баланд мегардад

Август 6, 2014 11:21

Хоруғ, 6.08.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Имкониятҳои хоҷагиҳои чорводорӣ ва аҳолии ноҳияҳои ВМКБ-ро ба инобат гирифта бо дастгирии ҳукумати мамлакат, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва бахши хусусӣ дар шаҳри Хоруғ коргоҳи хурди «Шири кӯҳистон» таъсис дода шуд. Имрӯз ин коргоҳ бо иқтидори пурра ба истеҳсоли маҳсулоти ширии аз ҷихати экологӣ тоза фаъолият дошта, дар таъмини бозори истеъмолии аҳолии маркази вилоят саҳмгузор аст.Ёқуббек Шамшеров сардори коргоҳи мазкур гуфт, ки маҳсулоти ниҳоӣ тибқи талаботи технологияи муосир истеҳсол гардида, дар озмоишгоҳи коргоҳ ба хотири беҳдошт ва солимии аҳолӣ, сатҳу сифати он таҳти назорати мутахасисони соҳа қарор дорад. Бо мақсадаи афзун намудани иқтидори истеҳсолии коргоҳ ва ҳар чӣ зиёдтар ҷалб намудани мизоҷон мутахассисон ният доранд, ки боз номгӯи маҳсулотро бештар намоянд.Феълан коргоҳ бо истифода аз технологияи муосири истеҳсолӣ ва мутахассисони маҳаллӣ маҳсулоти хӯшсифатро ба харидорон пешкаш намуда, дар ин замина ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ шароити мусоид фароҳам овард. Зеро маҳз дастгирии соҳибкорони истеҳсолӣ, ки аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон пайваста амалӣ мегардад, ба рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини аҳолии кишвар, бахусус аҳолии кӯҳистон заминаи хуби иқтисодиву иҷтимоиро таъмин месозад.

Август 6, 2014 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад