Иди «Асал ва харбуза-2014» дар ҷумҳурӣ

Август 19, 2014 10:47

Душанбе, 19.08.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дар остонаи ҷашни 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баҳри таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ бо маводи озуқа дар бозорҳои «Шоҳмансур», «Саховат», «Қарияи боло» ва «Деҳқон» 30-юми августи соли равон  иди «Асал ва харбуза-2014»доир мегардад. 
  Қабули «Барномаи барқарорсозӣ ва рушди соҳаи занбӯрпарварӣ барои солҳои 2006-2010» ба пешрафти соҳа заминаи мусоид фароҳам овард. То қабули барнома, яъне то соли 2006 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳамагӣ 49 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш мешуд.  Дар натиҷа тибқи маълумотҳои оморӣ то 1.07.2013 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ зиёда аз  202 ҳазор  оилаи занбӯри асал парвариш ёфта истодааст. Соли ҷорӣ ҷиҳати рушди соҳаи асалпарварӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ 400 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид, ки бо ин маблағ 200 оилаи занбӯри асал бо ҳамаи таҷҳизот, инчунин доруворӣ ва хӯрокӣ харид гардида, дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба занбӯрпарварон дастрас  шуд. Инчунин аз ҳисоби маблағи мазкур харидорӣ намудани сехи шикастани кристализатсия ва дар зарфҳо ҷобаҷокунии асал ва 350 модарзанбӯри зотӣ берун аз марзи  ҷумҳурӣ дар назар аст. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ то 1 июли соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 500,5 тонна асал истеҳсол шудааст.
 24 августи соли ҷорӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  дар иди“Асал ва харбуза-2014” навъҳои беҳтарини асал ва харбуза пешкаши харидорон ва тамошобинон гардонида мешавад. Ғолибони чорабинии мазкур барои иштирок дар ҷашни “Асал ва харбуза-2014”, ки дар пойтахти ҷумҳурӣ доир мегардад, роҳхат мегиранд. Ҳамзамон беҳтаринҳо бо туҳфаҳои Вазорати кишоварзӣ сарфароз гардонида мешаванд.  
Ёддовар мешавем, ки соли гузашта дар ин чорабинӣ   асалпарварони ҷумҳурӣ  зиёда аз 115 тонна асал ва зироаткорон зиёда  аз 187 тонна навъҳои гуногуни харбузаи хуштамъу болаззатро пешкаши меҳмонон ва сокинони пойтахт гардониданд.
 

Август 19, 2014 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад