Идомаи бозиҳои наврасон дар Нанҷинг
Душанбе, 20.08.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Баъди натиҷагирии се рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои II тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷинг дар ҳисоби умумидаставӣ дастаи мунтахаби Чин бо 6 медали тилло, 1 нуқра ва 6 биринҷӣ дар мақоми аввал аст.
Тавре ки дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, дастаи мунтахаби Русия бо 5 медали тилло, 5 нуқра ва 3 биринҷӣ дар ҷойи дувум ва тими мунтахаби Италия бо 4 медали тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ дар ҷойи севум қарор дорад. Тими мунтахаби Маҷористон (4-0-3) дар зинаи чорум, Бритониёи Кабир (3-2-2) дар зинаи панҷум ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (3-1-2) дар зинаи шашум ҷойгир шудааст.
Аз рӯи ҳисоби умумии медалҳо Чин ва Русия, ки 13-медалӣ доранд, пешсаф мебошанд. Итолиёвиҳо бо 8 медал дар ҷойи севуманд.
Дар рӯзи севуми мусобиқот — 19-уми август варзишгарони навраси тоҷик аз рақобатҳо озод буданд. Имрӯз, 20-уми август Меҳрангез Назарова дар давидан ба масофаи 3000 метр байни духтарон вориди рақобат мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон 8 варзишгар дар 7 намуд — гӯштини озод, гӯштини юнониву румӣ, варзиши сабук, дзюдо, камонварӣ, тирандозӣ ва шиноварӣ дохиланд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






