Идомаи интиқоли ҷасадҳо аз Украина

Август 4, 2014 13:56

Душанбе,4.08.2014 (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ)-  Коршиносони кофтуковӣ байналмиллалӣ бо ёрии сагҳои бӯгир дар маҳалӣ суқути ҳавопаймои ширкати Малайзия дар шарқи Украина дар масоҳати 20 километри мураббаъ боқимонда ҷасадҳои қурбониёни суқутро дар муддати 17-рӯз пайдо карда, сеюми августи соли равон тариқи 4 мошини дорои яхдон ҷасадҳои пайдошударо ба шаҳри Харков интиқол доданд. Дар назар аст, ки онҳо аз Харков ба Ҳолланд фиристода мешаванд. Гуфта мешавад, ки то ҳол 220 ҷасад фиристода шудааст. Лозим ба ёдоварист ин ҳавопаймо рӯзи 17-уми июл бо 298 мусофираш дар шарқи Украина ба фалокат дучор омада буд.
 
Ҳукми ҳизби адолати Туркия
 
Душанбе,4.08.2014 (АМИТ «Ховар»)- Мувофиқи иттилои хабаргузории Олмон, ҳафтаи равон роҳбари узви ҳизби ҳокими адолат ва тавсеаи Туркия ҳукми баробарҳуқуқии зан ва мардро ба тасвиб расонд. Аммо роҳбари либералҳои Туркия гуфтааст, ки занон набояд дар байни омма ё ҷойҳои умумӣ биханданд ё ин ки баробарҳуқуқӣ дошта бошанд. Бояд гуфт, ки ихтилофи назар миёни ҳизби ҳокими адолат ва тавсеа ва либералҳо бар сари масъалаи ҳуқуқи занон дар гузашта низ мавҷуд буд. Ва низ гуфта мешавад, ки дар ҳоле, ки интихоботи раёсати ҷумҳури Туркия дар моҳи ҷорӣ баргузор хоҳад шуд, ихтилоф миёни либералҳо ва муҳофизакорон дар ин кишвар дар ҳоли афзоиш аст.
 
Оғози ҷанги дубора
 
Душанбе,4.08.2014 (АМИТ «Ховар»)- Мувофиқи иттилои Ассошиэйтед Пресс, ҳафтаи равон, рӯзи ҷумъа қарори оташбас миёни Ҳамос ва Исроил аз соати ҳашти субҳ таъйин шуда буд. Аммо ду соат пас аз оғози оташбас, мақомоти қудратии фаластинӣ гуфтаанд, ки танкҳои исроилӣ ба Ар-Рафаҳ тирандозӣ кардаанд, ки он боиси кушта шудани 30 фаластинӣ шудааст. Бар асари он ҷониби Фаластин низ ҷанг дубора оғоз шудааст.

Август 4, 2014 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд