Идомаи озмуни “Китоби сол”

Август 11, 2014 10:35

Душанбе, 11.08.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Рӯзи 15-уми августи соли равон Озмуни умумиҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол» дар Тоҷикистон тибқи муқаррароти низомномаи озмуни мазкур мўҳлати қабули ҳуҷҷатҳои иштирокчиён-номинантҳо ва овоздиҳӣ тариқи паёмакҳо ба охир мерасад. Бино ба иттилои Кумитаи тадорукоти озмун, аз рўи номинатсияи «Китобдори сол» 44 китобдорон, аз рўи номинатсияи «Китобхонаи сол» 41 китобхона аз рўи номинатсияи «Китобхонаи шахсии сол» 3 китобхонаи шахсӣ иштирок доранд. Иштирокчиёни озмун ба воситаи овози гирифташуда (тариқи паёмакҳо) инчунин аз рўи ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида аз ҷониби Ҳайати ҳакамони озмун баҳогузорӣ карда мешаванд. То санаи 9 августи соли 2014 аз рўи номинатсияи «Китобдори сол» тариқи овоздиҳӣ китобдор аз шаҳри Марҳабо Хуҷанд Раҷабова бо 858 овоз, китобдор аз шаҳри Хоруғ Лайлӣ Замирова бо 672 овоз ва китобдор аз шаҳри Душанбе Валаъмат Шарипова бо 639 овоз пешсаф мебошанд. Аз рўи номинатсияи «Китобхонаи сол» Китобхонаи илмии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абўали ибни Сино бо гирифтани 270 овоз, Китобхонаи оммавии вилояти Суғд ба номи Тошхоҷа Асирӣ бо гирифтани 240 овоз ва Китобхонаи илмии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо гирифтани 215 овоз пешсафанд. Аз рўи номинатсияи «Китобхонаи шахсии сол» китобхонаи шахсии Тилло Самад аз ноҳияи Восеъи Вилояти Хатлон бо гирифтани 65 овоз пешсаф мебошад. Озмуни мазкур аз рўи ҳар се номинатсия бори аввал дар сатҳи ҷумҳурӣ баргузор мешавад. Гуфта мешавад, ки ба ғолибони озмун аз ҷониби Кумитаи тадорукот «Диплом»-ҳо, «Ифтихорнома»-ҳо, тўҳфаҳои хотиравӣ ва ҷоизаи «Гран-при» супорида мешавад. Натиҷаи озмун дар «Рўзи китоб», 4 сентябр, дар ш. Душанбе дар семинари ҷумҳуриявии соҳаи китобдорӣ эълон карда мешавад.

Август 11, 2014 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст