Ифтитоҳи қабулгоҳи ҷамъиятӣ дар Исфара
Душанбе, 14.08.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар ҳамкорӣ бо Барномаи Рушди СММ дар доираи тадбиқи Лоиҳаи «Таҳкими волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон бо мақсади тақвияти имконияти одамон дар Тоҷикистон» бо мақсади таъмини кафолатҳои конститутсионии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон аз тарафи мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдор 11 август дар шаҳри Исфара муаррифии қабулгоҳи ҷамъиятиро доир намуд. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода аҳли ҷамоати шаҳри Исфараро бо фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос карда, дар мавриди таъсиси қабулгоҳи ҷамъиятӣ дар ин шаҳр ва ҷалби аҳолӣ дар фаъолияти он сухан гуфт. Қабулгоҳи ҷамъиятӣ сохтори ёрирасон ва машваратӣ буда, фаъолияти он ба қабул ва баррасии муроҷиати шаҳрвандон, гузаронидани мониторинг ва чорабиниҳои омӯзишӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, барқарор намудани ҳуқуқҳои вайроншудаи аҳолӣ ва гурӯҳҳои осебпазир равона мешавад. Ҳамчунин Зариф Ализода дар қабулгоҳи ҷамъиятии навтаъсис муроҷиати 3 нафар сокини шаҳри Исфараро шунид.Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






