Ифтитоҳи ишнооти нав «Шоҳин»
Хуҷанд, 20.08.2014. (АМИТ “Ховар” , Абдуаҳад Дадобоев).-Имрӯз зимни сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар шаҳри Қайроққум Маркази тайёрии олимпӣ дар маркази солимгардонии наврасон ва ҷавонони «Шоҳин» мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.
Бояд гуфт, ки маркази мазкур пас аз навсозии куллӣ 19 июни соли 2013 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифта буд.
Масоҳати умумии марказ 19,5 га буда, он дорои 1 бинои зимистона барои 226 нафар, 9 бинои тобистона барои 456 нафар, 1 бинои таълимӣ, майдончаи гулханфурӯзонкунӣ бо 280 ҷойи нишаст, амфитеатр бо 320 ҷойи нишаст, майдончаи бозиҳои кӯдакона, майдони суньӣ барои футболи хурд, майдончаҳои варзишии намуди волейбол, баскетбол, тенниси калон ва 3 ҳавзи шиноварӣ мебошад.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар зимни мулоқот бо варзишгарони мамлакат (моҳи декабри соли 2010), дар ҳудуди Маркази солимгардонии наврасон ва ҷавонони «Шоҳин»-и шаҳри Қайроққум аз ҷониби шуъбаи минтақавии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд сохтмони толори варзишӣ, варзишгоҳ, ҳаммом ва майдони бозии голф ба итмом расида, мавриди ифтитоҳ қарор дорад.
Масоҳати умумии толори мазкур 1800 м2, баландиаш 18 метр, ки дар дохили он толори калон дорои 500 ҷойи нишасти болопӯш, 2 адад ҳуҷраи обпошӣ барои 7 ҷой, анборхона ва ҳуҷраи хазинадор буда, барои гузаронидани машқҳои таълимӣ ва мусобиқаҳо аз рӯи намудҳои варзишие, чун баскетбол, волейбол, футболи толорӣ, кӯҳнавардӣ ва тенниси рӯи миз мутобиқ шудааст.
Дар ошёнаи дуюми бино толори варзишӣ мавҷуд буда, дорои 37 адад таҷҳизоти машқӣ мебошад. Варзишгоҳи он дорои майдони футбол, роҳрав барои давидан бо дарозии 400 метр, ҷойи нишаст барои 720 нафар, 2 ҳуҷраи либосивазкунӣ, ҳуҷраҳои обпошӣ барои 2 даста, ҳуҷраи доварон ва анборхона мебошад.
Ҳамчунин ҳаммом барои 25 ҷой бунёд гардида, дар он ҳуҷраҳои обпошӣ, ҳаммомҳои русӣ, туркӣ, финӣ, ҳавзи шиноварӣ, ҳуҷраи маҳс, ошхона ва ҳуҷра барои истироҳат вуҷуд дорад.
Дар оянда маркази мазкур метавонад ҳамчун Маркази тайёрии олимпӣ мавриди истифода қарор гирад.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






