Ифтитоҳи корхонаи бузурги хишти пухта дар ҷамоати шаҳраки Шарора
Душанбе, 15.08.2014 (АМИТ «Ховар»).- Дар ҷамоати шаҳраки Шарораи ноҳияи Ҳисор бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як корхонаи бузурги хишти пухта ба кор дароварда шуд, ки бо иқтидори лоиҳавияш дар як сол беш аз 80 миллион дона хишти аълосифати М-75 истеҳсол мекунад.Ин корхона бо саҳмгузории муштараки соҳибкори маҳаллӣ Абдулло Ҳасанов ва шариконии чинии ӯ бунёд ёфта, ҳоло дар он наздики 100 нафар бо кори доимӣ ва маоши аз 1,5 ҳазор то 5-6 ҳазор сомонӣ таъмин шудаанд.Тавре иттилоъ дода шуд, соли 2013 дар тамоми ҷумҳурӣ ҳамагӣ 65 миллион дона хишти пухта истеҳсол шудааст. Ин корхона бошад худаш танҳо метавонад беш аз 80 миллион дона хишти пухта дар як сол метавонад истеҳсол намуда, нархи онро қариб 50% арзон намояд. То ба кор даромадани ин корхона нархи як дона хишти пухта то ба 80-100 дирам баробар шуда будааст. Аз ин корхона ҳоло як дона хишт бо нархи 42 дирам фурӯхта мешавад ва ин бо вуҷуди он, ки маҳсулоти ин корхона аз ҷиҳати сифат низ аз беҳтаринҳо аст.Соҳибкор Абдулло Ҳасанов ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қавл дод, ки то соли оянда боз як то чунин корхона бо ҳамин иқтидор бунёд намуда, нархи хишти пухтаро то ба 37 дирам поён мебарад. Дар сурати ба кор даромадани корхонаи дуюми ин соҳибкор ҳаҷми истеҳсоли хишти пухта дар Тоҷикистон қариб 3 баробар афзун мегардад, ки албатта боиси коҳиш ёфтани нархи он мешавад.Тавре зикр гардид, сирри асосии паст будани нархи хишти ин корхона дар истифодаи технологияи худкор, сарфи ками барқ, ангишт ва нерӯи кории инсон аст.Абдулло Ҳасанов азм дорад, ки аз ҳисоби фоидаи софи корхона дар ноҳияи Ҳисор як мактаби замонавӣ барои 640 хонанда бунёд намояд. Чунонки иттилоъ доданд, барои тармиму наввсозии бунгоҳҳои тиббӣ ва сохтмони синфхонаҳои иловагии мактабҳои ноҳияи Ҳисор аз ин корхона хишти ройгон дода мешавад.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти ин корхона баҳои баланд дода, ташаббускории ин соҳибкори баору номуси ватаниро ибратбахш арзёбӣ намуд.








Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд






