Ифтитоҳи корхонаи Таҷ-роуд
Душанбе, 20.08.2014 (АМИТ «Ховар»).-Дар мавзеи «Рухак»-и Ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ «Таҷ-Роуд» ба кор дароварда шуд.
Тавре аён гардид, ин корхона, ки ба истеҳсоли сангу шағал ва асфалт машғул мешавад, аз ҷониби бародарони соҳибкор Қурбонмурод ва Баҳриддин Неъматовҳо дар заминаи ҶДММ Сомонроҳ бунёд ёфтааст.Ҳарду коргоҳи ин корхона бо харҷи 10 миллион доллари амрикоӣ бунёд ёфтааст. Коргоҳи асфалт бо технологияи истеҳсоли Кореяи Ҷанубӣ ва коргоҳи коркарди регу шағал бо технологияи Ҷумҳурии Федеролии Олмон муҷаҳҳаз гардидааст.Иқтидори лоиҳавии коргоҳи асфалт ба 340 тонна дар як соат ва коркарди регу шағал 180 метри мукааб ё 324 тонна дар як соат баробар аст.Барои истихроҷи регу шағал ба ин корхона 9,7 га замин ҷудо карда шудааст.Дар ин коргоҳҳо дар 2 баст то 500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо кори доимӣ ва маоши то 1000 сомонӣ таъмин карда мешаванд.Ба иттилои бародарони соҳибкор пас аз фаъол гардидани ин корхона нархи фурӯши асфалт то ба 25-30% арзон мегардад, ки барои ободонии роҳу кӯчаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд таъсири мусбӣ мерасонад.Ин соҳибкорон дар паҳлуи корхонаи нав ҳамчунин 50 га замин барои бунёди боғ гирифтаанд ва 100 ҷойи дигари кори дар он муҳайё хоҳанд намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






