Ифтитоҳи мактаби нав дар деҳаи Лиҷаки шаҳри Ваҳдат

Август 28, 2014 15:38

 
Душанбе, 28.08.2014. (АМИТ «Ховар»). -Дар деҳаи Лиҷаки ҷамоати деҳоти Чуянгарони шаҳри Ваҳдат, ки дар дараи Ромит қарор дорад, бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои мактаби нав барои 640 хонанда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Тавре иттилоъ доданд, сохтмони бинои ин мактаб солҳои 80-уми асри гузашта оғоз ёфта, бо сабаби авзои ноороми солҳои 90-ум қатъ гардида буд. Инак бо дастгирии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва маблағгузории муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи Саудии рушд, ки ҳаҷми умумиаш беш аз 9 миллион сомонӣ аст, сохтмони бинои мактаб дар сатҳи хеле баланд ба поён расонда шуд.
Чунонки аён гардид, мактаб дорои 26 синфхонаи зебои таълимӣ, аз ҷумла синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ барои дасрҳо аз фанҳои дақиқ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, асосҳои кор бо компютер ва ҳунаромӯзии духтарон мебошад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таълими ҳунарҳои зебои мардумӣ ба духтарон ба мисли гулдӯзию зардӯзӣ, духти либос, қолинбофии дастӣ ва ғайра таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки ҳунаромӯзӣ, ба хусус барои духтарони деҳот, басо муҳим аст.
Мактаб ҳамчунин дорои толори зебои маҷлисӣ бо 260 ҷойи нишаст, толори васею барҳавои варзишӣ, ки барои намудҳои гуногун пешбинӣ шудааст, ошхонаи муҷаҳҳаз ва дигар утоқу толорҳои зарурӣ мебошад.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ва суханронии худ ба сифати корҳои сохтмонӣ ва таҷҳизоти мактаб баҳои баланд дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки дар сурати дар 2 баст ба роҳ мондани кор имкон аст, ки дар ин муассиса наздики 1300 хонанда бо таълиму тарбия фаро гирифта шавад.
Аз омӯзгорону роҳбарияти мактаб ва ҳам падару модарони мактаббачагон даъват карда шуд, ки бо истифода аз шароити хуби дар ин муассиса муҳайёгардида, ба сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас ғамхории доимӣ зоҳир намоянд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
 

Август 28, 2014 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд