Ифтитоҳи меҳмонхона ва маркази муосири хизматрасонӣ дар ҷамоати деҳоти Ҳисор
Дар ҷамоати деҳоти Ҳисор бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як меҳмонхонаи зебо ва маркази хизматрасонии дорои шароити муосири ҷаҳонӣ ба истифода дода шуд, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Рустам Саидов бунёд ёфтааст.Меҳмонхонаи он дорои 30 кати хоб буда, бо дигар шароити муосири дар он бунёдёфта ба дараҷаи 4 ситора баробар аст.Гулгаштҳои атрофи меҳмонхона дорои ҳавзи шиноварии зебо бо оби ҳамеша покшаванда ва ҳарорати муътадил, шароити офтобдиҳии бадан, майдончаи варзишӣ, фаввораҳои рақсони рангоранг ва дигар ороишоти дилнишин мебошанд.Рустам Саидов минбаъд азм дорад, ки майдони ин маркази зебои истироҳату фароғатро васеъ намуда, дар ҳудуди он бо боғу токзори намунавӣ, ҳавзи моҳипарварию моҳидорӣ, мамнуъгоҳи табиӣ, шикоргоҳ ва ғайра шароити муосир барои сайёҳони экологӣ муҳайё созад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






