Ифтитоҳи меҳмонхонаи Сипеҳр дар Чкалов
Душанбе, 20.08.2014 (АМИТ «Ховар»).- Сафари навбатии кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд аз шаҳри Чкалов оғоз ёфт.
Дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Чкалов бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи муосири Сипеҳр мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фазлиддин Ҳасанов бунёд ёфтааст.
Чунонки зикр гардид, меҳмонхонаи Сипеҳр дар масоҳати умумии он 0,56 га ҷойгир шуда, иборат аз 3 ошёна мебошад. Дар ошёнаи якум утоқҳои корӣ, фурӯшгоҳи чиптаҳои ҳавопаймоӣ, тарабхона, толорҳои маркази таълимӣ ва толори хизматрасонӣ, дар ошёнаи дуюм ҳуҷраҳои истиқоматӣ ва дар ошёнаи сеюм толорҳои варзишӣ ва маҷлисӣ ҷойгир шудаанд. Меҳмонхона дорои 46 ҷойи хоб буда, 30 адад ҳуҷраҳо барои қабули мизоҷон омода аст. Дар ин меҳмонхона 55 нафар бо кори доимӣ ва маоши миёнаи моҳонаи 1500 сомонӣ таъмин мегардад.
Дар маҷмааи мазкур маркази таълимӣ барои омӯзондан ва тайёр намудани 500 нафар мутахассисон дар як сол ба нақша гирифта шуда, дар он мутахассисони соҳаи ҳавопаймоӣ аз ҷумла, авиохазинадорҳо, авиобронировшикҳо ва пешхизматҳо тайёр карда мешаванд. Барои омода намудани мутахассисони мазкур аз Федератсияи Русия ва дигар давлатҳо омӯзгорон ҷалб карда шудаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкор Фазлиддин Ҳасановро хуб пазируфта, таъкид дошт, ки дар шароити афзоиши таваҷҷуҳи сайёҳону сармоягузорони хориҷӣ ба Тоҷикистон бунёди зербинои сайёҳӣ, аз ҷумла сохтмони меҳмонхонаҳои хурду миёна ва бузург хеле муҳим аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид






