Ифтитоҳи «НАНО-ТЕХ-М» дар Хуҷанд

Август 21, 2014 10:39

 
Душанбе, 21.08.2014 (АМИТ «Ховар»).-Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст Корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва хизматрасонии ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «НАНО-ТЕХ-М», ки дар масоҳати умумии 1 гектар замин дар маҳаллаи 17-ум қарор дорад, ифтитоҳ ёфт.
Муассиси корхонаи мазкур соҳибкори маҳаллӣ Шавкат Аюбов мебошад.
  Корхонаи мазкур асосан бо истеҳсоли маҳсулоти оҳану бетонӣ, дару тирезаҳои пластикӣ, ташхиси лаборатории масолеҳи сохтмонӣ, борпеч кардани семент (халта кардан) дар ҳаҷми 40 тонна дар як шабонарӯз, ба андозаҳои гуногун майда кардани санг, хизматрасонӣ бо мошинҳои махсус дар самти ба фармоигарон расондани маҳсулот ва ғайра мебошад.
Барои анҷоми чунин корҳо корхона дорои 5 адад нақлиёти бетонкашон, 1 мошини сементкашон, 1 мошин барои рехтани бетон ба баландии то 40 метр, 2 мошини боркаш, 1 мошини боркунанда, 1 кран-монипулятор ва дигар техникаю таҷҳизот мебошад.
Айни замон дар корхона 28 нафар кормандон бо маоши миёнаи 800 сомонӣ дар як моҳ фаъолият доранд. Тавре иттилоъ доданд, то ҷамъбасти фаъолияти 9 моҳаи соли равон шумораи кормандони ин корхона ба 100 нафар расонида мешаванд.
 Барои кормандон дар ҳудуди корхона ошхонаи замонавӣ бо 100 ҷои нишаст сохта шудааст ва ба ҳамаи кормандон хӯроки ройгон дода мешавад.
 Дар саҳни ҳавлии коргоҳ маҳсулоти ҳамаи корхонаҳои истеҳсолкунандаи масолеҳи сохтмонии вилоят, ба намоиш гузошта шуда буд.
Чунонки иттилоъ доданд, солҳои охир шумораи корхонаҳои саноатии ин соҳа ва муҳайёшавии ҷойҳои нави корӣ авҷ гирифтааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷиро ба густариши фаъолияти созандагию бунёдкорӣ, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ ҳамаҷониба ҳавасманд бояд кард. 
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
 
 
 

Август 21, 2014 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст