Иншоотҳои ҷашнии Душанбе
Душанбе, 28.08.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе маҷмӯи иншоотҳои ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд, ки онҳо хуштарҳу замонавӣ буда, дар доираи Нақшаи асосии шаҳри Душанбе аз ҳисоби буҷети шаҳр ва соҳибкорон бунёд шудаанд.
Меҳмонхонаи панҷситорадори «SHERATON» дар масоҳати қариб 25 000 метри мураббаъ, Маҷмаи савдои муосири «Пойтахт-90, ки дар масоҳати умумии беш аз 20 000 метри мураббаъ доман густурдааст, ба феҳристи иншоотҳои ҷашнии пойтахт ворид гардидаанд.
Назар ба иттилои Шавкат Саидов -котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе иншоотҳои навсохти замонавӣ дар остонаи таҷлили ҷашни Истиқлолияти кишвар дар маросими ботантана ба истифода дода мешаванд. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин иншоот дар пойтахт беш аз 1500 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин мегарданд. Ҳамзамон ба истифода додани биноҳои баландошёнаи истиқоматии навсохт, ки дар бархе аз кӯчаю қасабаҳои пойтахт бунёд шудаанд, дар назар аст.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






