Интихоби лоиҳаҳои афзалиятнок
Душанбе, 28.08.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — То санаи 1 августи соли 2014 ба Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкорӣ” бештар аз 123 лоиҳаи тиҷоратии субъектҳои соҳибкорӣ ворид гардидааст. Аз ҷумла ба шаҳри Душанбе 5 адад, вилояти Суғд — 23, вилояти Хатлон — 5, ВМКБ — 19 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 25 адад рост меояд. Дар ин бора чанде қабл дар ҷаласаи навбатии Шӯрои нозирони Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» иттилоъ дода шуд.
Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки бо назардошти имкониятҳои молиявии Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» ва ба талаботҳои қарзгирӣ ҷавобгӯ будани якчанд лоиҳа дар ҷаласаи Шӯро 18 лоиҳаи аз нигоҳи иқтисодӣ афзалиятнок, ки аз ҷониби мутахассисони Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» ва Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” мавриди омӯзиш ва баҳогузорӣ қарор дода шудаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аз ин шумораи лоиҳаҳои пешниҳодгардида тибқи овоздиҳӣ 9 дархости субъектҳои соҳибкорӣ оид ба ҷудо намудани маблағҳои қарзӣ барои амалӣ намудани нақшаҳои тиҷоратӣ, ки аз нигоҳи иқтисодӣ афзалиятнок буданд, бо ҷудо намудани 3,740 ҳазор сомонӣ маблағи қарзӣ аз ҳисоби Фонд дасгирӣ гардид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






