Иштироки Қ. Расулзода дар ифтитоҳи мактаби деҳаи Арча
Душанбе, 27.08.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дирўз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳия Фархори вилояти Хатлон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №8-и деҳаи Арча иштирок кард. Сарвазири мамлакат зимни суханронӣ аҳли маориф, толибилмони мактаб ва сокинони ноҳияро бо ин рўйдоди фараҳбахш ва фарорасии соли нави хониш табрик намуда, изҳор дошт, ки ба истифода додани муассисаҳои таълимии мутобиқ ба меъёрҳои нави таҳсил дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва таъмини шароити замонавии таҳсил дар мактабу муассисаҳои таълимии шакли нав, аз ҷумла муассисаҳои таълимию литсейҳои президентӣ ва фарогирии беҳтарин толибилмони фаъолу донишманд аз тамоми шаҳру ноҳияҳо дар онҳо, далели бесобиқаи сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Таъкид кардан ба маврид аст, ки мактаби мазкур дорои 30 синфхона буда, дар як баст 1176 нафар хонандаро ба таҳсил фаро мегирад ва дар он шароити мусоиди замонавии таълимию тарбиявӣ фароҳам оварда шудааст. Ин муассисаи таълимӣ бо харҷи зиёда 12 млн.сомонӣ бунёд гардида, иловатан барои таъмини таҷҳизоти зарурии таълимӣ наздик ба ду млн. сомонии дигар маблағгузорӣ шудааст. Муассиса аз 4 бинои таълимии сеошёна, толори варзишӣ, ошхона, толори маҷлисгоҳ, майдончаҳои варзишӣ ва биноҳои ёрирасон иборат буда, масоҳати қитъаи замини он 3 га- ро ташкил медиҳад. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо шароити таълиму тарбия ва сифати корҳои сохтмонии анҷомдодашуда шинос шуда, ба мутасаддиёни соҳа барои баланд бардоштани сатҳу савияи дониши толибилмон, фароҳам овардани шароити мусоиди донишомўзӣ, аз худ намудани касбу ҳунарҳои мардумӣ ва дар баробари ҳамаи ин таҳким бахшидан ба тарбияи ахлоқию ҷисмонии насли наврас дастуру супоришҳо дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






