Истеҳсоли 336,7 тонна моҳӣ дар кишвар

Август 25, 2014 11:04

Душанбе, 25.08.2014. (АМИТ Ховар, Зарангези Латиф).-Соҳаи моҳипарварӣ сол то сол тараққӣ меёбад. Дар натиҷаи амалишавии «Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ» шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба 190 адад расонида шуд, ки нисбат ба давраи қабули барнома шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ 182 адад зиёд гардидааст. 
Ба иттилои Рамазон Боев, мудири ташхисгоҳи КВД «Моҳипарвар» дар 6 моҳи соли равон хоҷагиҳои моҳипарварӣ 336,7 тонна моҳӣ истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи гузашта 18 тонна зиёд мебошад. 
Соли равон аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ барои амалишавии барнома 300 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид, ки аз ҶСК «Суғд Моҳӣ»-и шаҳри Қайроққум 310 ҳазор моҳичаи зотӣ ва 12 миллион кирминамоҳичаҳо харид шуданд. 
Дар асоси дархости хоҷагиҳои моҳипарварӣ миқдори зикргардидаи моҳичаҳо ва кирминамоҳиҳо ба хоҷагиҳои моҳипарварӣ  дастрас  гардиданд. 

Август 25, 2014 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст