Истеҳсоли моҳӣ 18 тонна афзуд

Август 15, 2014 14:38

Душанбе, 15.08.2014. (АМИТ Ховар, Ситораи Боймурод).- Дар ҷумҳурӣ дар натиҷаи амалишавии «Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ» шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба 190 адад расонида шуд, ки нисбат ба давраи қабули барнома шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ 182 адад зиёд гардидааст. Тавре ки дар ин бора аз Вазорати кишоварзии кишвар иттлоъ доданд, аз рӯи маълумотҳои оморӣ дар 6 моҳи соли равон хоҷагиҳои моҳипарварӣ 330 тонна моҳӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 тонна зиёд мебошад. Соли равон аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ барои амалишавии барнома 300 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид, ки аз ҶСК «Суғд Моҳӣ»-и шаҳри Қайроққум 310 ҳазор моҳичаҳои зотӣ ва 12 миллион кирминамоҳичаҳо харид шуданд. Дар асоси дархости хоҷагиҳои моҳипарварӣ миқдори зикргардидаи моҳичаҳо ва кирминамоҳиҳо ба хоҷагиҳои моҳипарварӣ дастрас гардид.

Август 15, 2014 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад