Истеҳсоли моҳӣ 18 тонна афзуд
Душанбе, 15.08.2014. (АМИТ Ховар, Ситораи Боймурод).- Дар ҷумҳурӣ дар натиҷаи амалишавии «Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ» шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба 190 адад расонида шуд, ки нисбат ба давраи қабули барнома шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ 182 адад зиёд гардидааст. Тавре ки дар ин бора аз Вазорати кишоварзии кишвар иттлоъ доданд, аз рӯи маълумотҳои оморӣ дар 6 моҳи соли равон хоҷагиҳои моҳипарварӣ 330 тонна моҳӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 тонна зиёд мебошад. Соли равон аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ барои амалишавии барнома 300 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид, ки аз ҶСК «Суғд Моҳӣ»-и шаҳри Қайроққум 310 ҳазор моҳичаҳои зотӣ ва 12 миллион кирминамоҳичаҳо харид шуданд. Дар асоси дархости хоҷагиҳои моҳипарварӣ миқдори зикргардидаи моҳичаҳо ва кирминамоҳиҳо ба хоҷагиҳои моҳипарварӣ дастрас гардид.








АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад






