Истеҳсоли нахи базалт дар Чкалов
Хуҷанд, 20.08.2014. (АМИТ “Ховар” , Абдуаҳад Дадобоев).-Имрӯз бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чкалови вилояти Суғд коргоҳи истеҳсолии ҶДММ «Элегант» мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.
Бояд гуфт, ки коргоҳи истеҳсолии ҶДММ «Элегант» соли 2000 таъсис ёфта, он аз соли 2009 ба коркард ва истеҳсоли сангҳои ороишӣ машғул аст. Сангҳои ороишии туфҳои вулқонӣ аз минтақаи Долонаи ноҳияи Ашт гирифта шуда, дар коргоҳи мазкур бо истифодаи таҷҳизоти муосир коркард шуда, ҳамчун масолеҳи сохтмонӣ барои сохтмон истифода мешаванд.
Соли 2012-2013 барои ба роҳ мондани истеҳсолот ба коргоҳ 7 намуд дастгоҳи технологӣ, 11 адад қисмҳои эҳтиётии таҷҳизоти техникӣ ба маблағи зиёда аз 300 ҳазор сомонӣ ворид шуда, аз моҳи июли соли 2013 бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ он васлу насб шудааст.
Истеҳсоли маҳсулоти сангҳои ороишӣ мувофиқ ба иқтидори коргоҳ дар як сол зиёда аз 60 000 м2 пешбинӣ шудааст. Тибқи маълумоти оморӣ аз соли 2011 то инҷониб дар коргоҳи мазкур 139 ҳазору 289 м2 маҳсулоти сангҳои ороишӣ истеҳсол шудааст. Дар коргоҳ дар айни замон 150 нафар корманд, ки қисме занону духтарони маҳаллӣ мебошанд, аз сангҳои табиӣ бо усули хоси миллӣ — асосан гулдон, фаввораю шаршараҳои минётурии армуғонӣ меофаранд.
Музди маоши миёнаи кормандон аз 700 то 1500 сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин роҳбарият ва мутахассисони ширкат дар асоси супориши Сарвари давлат марҳилаи нави рушди соҳа — хатти истеҳсоли нах аз рухом (базалт)-ро ба роҳ монданианд, ки лоиҳаи нави инноватсионӣ мебошад.
Дар коргоҳ таҷҳизот аз ҷониби ширкати «Бой До Си Технолоҷиз»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид шуда, аз тарафи мутахассисони ширкати «Рос-Базалт»-и шаҳри Барнаули кишвари Олтойи Федератсияи Русия (роҳбараш Лесков Сергей Павлович) ва мутахассисони маҳаллӣ ба роҳ монда шуда, алъон дар коргоҳ васлкунии хатти истеҳсолӣ пурра ба итмом расидааст.
Нахи базалт минбаъд барои бетағйир нигоҳ доштани гармӣ ва ё сардӣ дар хонаю иморатҳо ва ё интиқоли моеъ истифода шуда, боиси сарфаи сӯзишворӣ барои ин ҳадафҳо мегардад.
Дар назар аст, ки дар ояндаи наздик дар ҳамкорӣ бо ширкати «Рос-Базалт» истеҳсоли нахи бефосилаи базалтӣ барои маҳсулоти саноати сохтмон, ба монанди ришта, матоъ, арматура, лӯла ва ғайра, ки дар вилоят ва берун аз он ба он ниёз ҳаст, ба роҳ монда мешавад.
Иқтидори сехи нави истеҳсоли нахи базалт 140 000 метри мураббаъ дар як сол ба нақша гирифта шуда, тасмим ҳаст бо ифтитоҳи ин коргоҳ 50 нафар корманд бо кори доимӣ таъмин шавад.
Ҷалби сармоягузории корхонаи мазкур 8,5 млн. сомониро ташкил намуда, аз он 5,5 млн. сомонӣ барои сехи нави истеҳсоли нахи базалт ба нақша гирифта шудааст.
Барои беҳтар намудани шароити иҷтимоиву маишии кормандон як маҳал хӯроки гарм, либоси корӣ, нақлиёти махсус, ошпазхонаи зимистона ва ҳаммом ташкил шудааст.
Ҳамчунин дар коргоҳи мазкур осорхонаи сангҳои ороишӣ, маҳсулот аз он ва китобхона бо фарогирии китобу адабиёти дигари ин соҳа ҷойгир шудааст.
Директори генералии ҶДММ “Элегант” Абдуаҳад Мӯъминов мебошад.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.