Истифодаи компютерҳо дар дорухонаҳо
Душанбе, 18.08.2014. (АМИТ «Ховар», Елена Батенкова). – «Ба манзури беҳдошти фаъолияти дорухонаҳо ва хадамоти мо дар кишвар дорухонаҳо бо компютерҳо таъмин карда мешаванд. То имрӯз қариб 980 дорухона бо компютер таъмин шудааст, ки аз ҷумлаи он қариб 700 – тоаш почтаи электронӣ дорад, — гуфт зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини роҳбари Хадамоти назорати давлатии муассисаҳои дорусозии ҶТ Маҳмадалӣ Давлатов.
Қобили зикр аст, ки дар ҳар кадоми дорухонаҳо то 800 номгӯи доруҳои шифобахш мавҷуд аст, ки ҳар кадоми онҳо бояд сертификати сифат ва ҳуҷҷатҳои дигар дошта бошанд.
«Мавҷудияти компютер дар дорухона имкон медиҳад, ки барои тафтиши нозирон заминаи мусоид фароҳам оварда шавад. Ин тадбир ҳамчунин имкон медиҳад, ки аз тағйироти хадамотамон ва қонунҳо дар бораи фаъолияти дорусозӣ ба мақомоти марбута сари вақт хабар диҳем», — зикр намуд Маҳмадалӣ Давлатов.
Ба гуфтаи муовини роҳбари Хадамоти назорати давлатӣ дар сурати мавҷуд набудани сертификати дору аз соҳиби дорухона ба маблағи то 8 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки то имрӯз дар ҷумҳурӣ 1780 дорухона фаъолият дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






