Кӯчаҳои Душанбе номи шахсиятҳоро гирифтанд
Душанбе, 04.08.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар Душанбе бо қарорҳои иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бархе аз кӯчаю муассиссаҳои таҳсилотӣ табдили ном карданд. Аз ҷумла кӯчаи Молодая гвардия ба номи меъмор Рустам Каримов, кӯчаи Крупская ба номи Шоири халқии Тоҷикистон Ашӯр Сафар, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 ба номи Ходими хизматнишондодаи илми РСС Тоҷикистон Рустамбек Юсуфбеков, литсейи №1-и шаҳри Душанбе ба номи Муаллими хизматнишондодаи мактабҳои Тоҷикистон Ниёз Сафар, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72 шаҳри Душанбе ба номи Шоири халқии Тоҷикистон Гулчеҳра Сулаймонӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №87 шаҳри Душанбе ба номи Нависандаи халқии Тоҷикистон Шодӣ Ҳаниф ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №97 шаҳри Душанбе ба номи собиқ муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдулҳақ Оев номгузорӣ карда шуд. Бояд тазаккур дод, ки ин тадбир аз ҷониби шаҳрдорӣ дар асоси пешниҳоди Комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба номгузорӣ ва номивазкунии маҳаллаҳо, кӯчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе андешида шудааст. Ҳадафи он тозаю пок нигоҳ доштани забони тоҷикӣ ва абадӣ гардонидани хотираи шахсиятҳои барҷаста мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






